Дар ноҳияи Лахш вобаста ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бо ҷавонони фаъол вохӯрӣ баргузор гардид

Апрель 18, 2025 18:45

ДУШАНБЕ, 18.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бо ҳайати гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон, омӯзгорон, ҷавонони фаъол ва донишҷӯёни ноҳияи Лахш вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Таъкид гардид, ки замони муосир аз тамоми ҷомеа тақозо менамояд, ки эҳсоси ватандӯстии худро тақвият бахшанд ва барои ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ дар талош бошанд. Зеро маҳз ватандӯстию арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ маҳаки асосии пойдории ҳар давлату миллат дар замони зудтағйирёбанда ба ҳисоб меравад.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҷавонон неруи пешбаранда, созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва пайравони асили Пешвои муаззами миллат маҳсуб мешаванд.

Зимни суҳбат хонандагон  ба донишомӯзию хониши намунавӣ, забондонӣ, мутолиаи асарҳои бадеӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан, дурӣ ҷустан аз ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ роҳнамоӣ шуданд.

Масъулини муассисаҳои таълимӣ даъват шуданд, ки дар тарбияи насли наврас саҳлангорӣ накарда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоянд.

Иштирокчиён атрофи масоили пешгирии ҳолатҳои дохил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муноқишаҳои байнимактабӣ ва авбошивии ноболиғон ибрози андеша намуданд.

Масъулин ҳамзамон аз содиршавии ҳуқуқвайронкунию қонуншиканӣ ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он мисолҳо оварда,  дастоварду натиҷаҳо, рушду тараққиёт ва ободу зебо гаштани Ватани азизамонро ёдоварӣ намуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 18, 2025 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад