Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» доир шуд
РӮДАКӢ, 08.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 ва барои вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатии мамлакат дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таҳти унвони «Сайри гули лола» фестивали гулҳо баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Дар фестивал аз ҷониби гулпарварони ноҳия навъҳои гуногуни гулҳои ороишӣ ва аз тарафи ҳунармандон намоиши ҳунарҳои мардумӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд, ки ҳакамон ва меҳмонон ба он баҳои баланд доданд.
Ҳадафи асосии баргузории Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию сабзазоркунӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ ва сатҳи маърифати экологии сокинон нисбат ба тозагии муҳити зист мебошад.
Ғолибони фестивали «Сайри гули лола» аз рӯйи 6 номинатсия муайян ва бо «Диплом»-и дараҷаи 1, «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






