Дар шаҳри Алмато вохӯрии ҳаштуми вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ – Русия» баргузор шуд

Апрель 12, 2025 11:14

ДУШАНБЕ, 12.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 апрел дар шаҳри Алмато Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии ҳаштуми вазирони корҳои хориҷии қолаби ҳамкории «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории шашҷонибаро баррасӣ намуда, ба масъалаи татбиқи тавофуқоти ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҳамоиши аввали сарони давлатҳои қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия», ки моҳи октябри соли 2022 баргузор шуда буд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Зимни ин нишаст Сироҷиддин Муҳриддин иброз намуд, ки Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкорӣ дар доираи қолаби ҳамкории «Осиёи Марказӣ – Русия» аҳамияти хосса дода, онро арсаи қобили дурнамо барои густариши ҳамкории мутақобили судманд арзёбӣ мекунад.

Ҳамчунин дар суханронӣ мавқеи Тоҷикистон нисбат ба масъалаи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои муштарак барои татбиқи қарорҳои роҳбарони кишварҳои ин қолаб баён гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 12, 2025 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид