Дар шаҳри Ганҷа консерти ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Филармонияи давлатии шаҳри Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳти унвони «Армуғони дӯстӣ» консерти ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд.
Дар барномаи фарҳангӣ, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, раиси шаҳри Ганҷа Ниязӣ Байрамов, Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон, намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли зиё, доираҳои илму фарҳанг ва санъати Озарбойҷон ва сокинони шаҳри Ганҷа иштирок намуданд.
Ҳунармандони тоҷик ба тамошобинон барномаи ҷолиби эстрадиро бо иҷрои суруду оҳангҳои муаллифони шинохтаи тоҷику озарӣ ва ҷаҳонӣ пешкаш намуданд.
Барномаи консертӣ аз ҷониби тамошобинон бо самимият ва эҳтирому арҷгузорӣ ба фарҳанги оламгири мардуми тоҷик ва истиқбол карда шуд.
Бояд гуфт, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳанг ҳамчун рамзи симои маънавии мардум дар муттаҳидсозии иқтидори илмию зеҳнӣ, таҷассуми таърихи муосиру бостонӣ, урфу одат, расму ойини мардумӣ ва ёдгориҳои таърихии давлат ва миллати тоҷик мақоми шоиста дорад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки барои таҳкими арзишҳо ва фарҳанги миллӣ бо шарофати ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар тадбирҳои судаманд андешида шуда, ин соҳа пайваста ба пешравиҳои назаррас ноил мегардад.
Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, яке аз сохторҳои фарҳангии даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва ҳоло Тоҷикистонро бо фарҳанги асилу ҳунари воло дар хориҷи кишвар муаррифӣ менамояд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон













Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






