Дар шаҳри Ҳисор Маркази забономӯзии «FARDO SCHOOL» ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 09.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Маркази забономӯзии «FARDO SCHOOL» ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардид. Ошёнаи дуюми он барои омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ махсус гардонида шуда, бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва забондон кӯдакону наврасони хоҳишманд ба забономӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Масъулин ҳамчунин тасмим гирифтаанд, ки дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр ва ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба дар утоқҳои боқимонда барои омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, таъриху ҳуқуқ ва омодагӣ ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ташкил намоянд.
Бояд гуфт, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ борҳо зимни суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст. Ин аст, ки даҳсолаҳои охир дар мамлакат барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан англисӣ ва русӣ марказҳои омӯзиши забонҳо таъсис дода мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»






