Дар шаҳри Панҷакент Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 26.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри бостонии Панҷакент Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ- муаллифи шоҳасари безаволи «Шоҳнома» бунёд карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.
Боғи Абулқосим Фирдавсӣ дар даромадгоҳи шарқии шаҳри Панҷакент, дар буриши хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Саъдии Шерозӣ бунёд мешавад. Тибқи лоиҳа, тарҳи майдон ба асбоби мусиқии тор шабоҳат дошта, он аз дарвозаи муҳташам, муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ, деворнигораҳо, муҷассамаҳои қаҳрамонҳои достони безаволи «Шоҳнома», аз ҷумла Рустаму Сӯҳроб, аспҳое, ки дар ин шоҳасар тасвир шудаанд, роҳраву нишастгоҳо ва фаввораҳо иборат хоҳад буд.
Роҳбарияти шаҳри Панҷакент бо сохтмони боғ шинос шуда, ба бинокорони ширкати «СУ-3», ки ба гузоштани таҳкурсии майдони боғи оянда ва роҳравҳои он машғул ҳастанд, барои мутобиқ ба лоиҳа ва бо сифати баланд бунёд намудани Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ маслиҳат доданд.
«Ин боғи зебо, ки рамзи арҷгузорӣ ба таърихи ғановатманди миллат, бузургтарин ҳамосасарои адабиёти тоҷику форс ва ҷаҳон Абулқосим Фирдавсӣ аст, ояндаи наздик ба ҷои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳр табдил хоҳад ёфт»,- хабар медиҳад манбаъ.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






