Дар Тоҷикистон 330 истгоҳи базавӣ насб карда шуд

Апрель 22, 2025 10:59

ДУШАНБЕ, 22.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавассути ҳамкории судманд бо операторони хориҷӣ арзиши воридотии интернет ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври назаррас кам карда шуд. Ин боис гардид, ки арзиши хизматрасониҳои интернети мобилӣ ва собит аз тарафи операторони ватанӣ коҳиш дода шавад. Дар натиҷа ҳаҷми бастаҳои интернети мобилӣ ба ҳадди минималӣ то 20 фоиз зиёд пешниҳод карда мешавад. Арзиши тарофаҳои провайдерони интернети собит ба ҳисоби миёна то 55 фоиз поён карда шуда, тарофаҳои бо суръати камтар аз 5Мбит/с бекор гардиданд. Дар ин хусус 21 апрел Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло зимни ҷаласаи ҳайати мушовараи ин хадамот иброз дошт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар се моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон 330 истгоҳи базавӣ насб карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ даромади умумии сохторҳои соҳаи алоқаи барқӣ аз ҳисоби корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерони хусусӣ 1 миллиарду 110 миллиону 586 ҳазору 505 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  1,45 фоиз зиёд аст.

Ҳамчунин аз ҳисоби даромадҳо ба буҷети давлат ба маблағи 155 миллиону 482 ҳазору 110 сомонӣ андоз ворид карда шуд.

Дар Хадамоти алоқа маркази тамос бо рақами кӯтоҳи «4030» барои ҳалли масъалаҳои техникӣ ва дархостҳои марбут ба соҳаи алоқаи барқӣ фаъолият менамояд. Дар ин давра ба маркази тамос 2 758 арзу шикоят ворид гардид, ки аз ин шумора 1 882 адад иҷро ва боқимонда 876 арзу шикоят мавриди баррасӣ қарор доранд.

Бояд гуфт, ки бо ибтикори Хадамоти алоқа хизматрасонии минбаъдаи ҳамёнҳои электронии ташкилоти молиявию қарзии ҷумҳурӣ ва саҳифаву барномаҳои мобилии хизматрасониҳои давлатӣ тавассути интернет ба таври ройгон амалӣ мегардад.

Ҳамчунин дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия амалӣ намудани шабакаҳои насли 5G густариш дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ 8,3 миллион нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 5,3 миллион нафар муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд. Шумораи умумии истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 4,9 миллион нафар (53,8%)-ро дар бар мегирад, ки аз ин шумора 4,7 миллион нафар муштариёни интернети мобилӣ мебошанд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 22, 2025 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаҷми гардиши мутақобили мол байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб беш аз 2 баробар афзудааст
Корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба маблағи беш аз 5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон баҳои сазовор дод
Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нафту газ тақвият меёбад
Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қадами муассир дар самти беҳтарнамоии фаъолияти сохторҳои давлатӣ аст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамкорӣ менамоянд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар бахшҳои мошинсозӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан густариш медиҳанд
Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад
Дар Суғд оид ба муаррифии имконоти сармоягузории минтақа форуми тиҷоратӣ баргузор шуд
Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд