Дар Тоҷикистон беш аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст

Апрель 18, 2025 16:49

ДУШАНБЕ, 18.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз  соли 1984 инҷониб бо қарори ЮНЕСКО  ҳамасола  18 апрел Рӯзи байналмилалии ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳо ва  ҷойҳои таърихӣ дониста мешавад. Дар ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» бо  директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода суҳбат намуд. Мавсуф  доир ба  ёдгориҳои таърихию фарҳангии  Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидашуда  ҷиҳати нигоҳдории онҳо чунин ибрози назар намуд:

-То замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ягон рӯйхат ё феҳристи ягонаи мураттаби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ вуҷуд надошт. Танҳо чанд рӯйхати номукаммал ва ноқисе мавҷуд буд, ки на ҳамаи мероси таърихии мо дар он нишон дода шуда буд.

Пажӯҳиш ва таҳқиқи мероси бостонӣ, рӯй овардан ба сарчашмаҳои таъриху фарҳанги миллӣ ва таваҷҷуҳ ба онҳо ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат барои пойдории миллат мебошад. Ҳанӯз аз давраи оғози Истиқлоли давлатӣ таваҷҷуҳ ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ равона гардид, зеро дар акси ҳол аз байн рафтани аслияти фарҳанг, хусусияти хосса, ягонагӣ ва худшиносии миллӣ таҳдид менамуд.

Айни замон дар   Тоҷикистон беш аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки як қисми онҳо аз ҷониби олимони дохилию хориҷӣ  мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Вобаста ба ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат то имрӯз 19 санади меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардида, ин раванд идома дорад.

Дар айни замон таҳқиқоти бостоншиносӣ дар якчанд мавзеъҳои таърихӣ, аз қабили шаҳристони Ҳулбук, Саразм ва дигар минтақаҳо идома доранд.

Ёдгориҳои таърихии кишвари мо  ҳазорон сол аст, ки арзи ҳастӣ дошта,  аз  қарнҳои 4-3 пеш аз мелод  то ба асри мо расидаанд.  Ёдгориҳо ва  ҷойҳои таърихӣ арзишҳои муҳими ҳаёти зеҳнии халқи тоҷик ба шумор рафта, ҳифз, эҳё ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани онҳо ояндаи боэътимоди давлатро таъмин менамояд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид  таъкид намудаанд: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар давлат ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад».

Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикист ҳамчун мақоми ваколатдори бақайдгирии феҳристнигорӣ ҳифз, тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, истеҳсоли маводи тармиму барқарорсозӣ, муаррифии шахсиятҳои барҷастаи таърихии миллат ва санаҳои бузурги таърихии давлатиро назорат менамояд.

Инчунин мероси хаттӣ, пешниҳоди ёдгориҳои мероси моддӣ ва ғайримоддӣ ба ЮНЕСКО, осорхонашиносӣ, бостоншиносӣ, берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои мероси таърихию фарҳангӣ, эъмори ҳайкалу муҷассама ва лавҳаҳои ёдбудро таъмин карда, ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти муассисаҳои низоми Агентӣ ва ташкилоти дигарро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва намуди моликияташон амалӣ менамояд.

Дар ҳошияи татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030»» раванди рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи соҳавӣ мутобиқ намудани онҳо дар мамлакат  аз моҳи феврали соли 2025 оғоз гардид.

Рақамикунонии ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ ҷузъи фаъолияти соҳавӣ ба шумор меравад. Дар ҳамин раванд, Агентӣ вобаста ба иҷрои талаботи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» барои таҳияи Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав Гурӯҳи корӣ таъсис дода, азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангиро дар шаҳри Душанбе пурра ба анҷом расонид, корҳо дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо идома доранд.

Сарватҳои таърихию фарҳангӣ маҳаки асосии ҳаёти моддӣ ва маънавии миллати тоҷик мебошанд, ки хотираи миллатро ба таври ҳамешагӣ нигоҳ медоранд. Пажуҳиш ва таҳқиқи мероси бостонӣ, рӯй овардан ба сарчашмаҳои таъриху фарҳанги миллӣ ва таваҷҷуҳ ба онҳо ҳадафи асосии ҳукамати мамлакат барои пойдории миллат мебошад. Ҳифз ва нигоҳдорӣ намудани мавқеи таъриху фарҳанги миллӣ, пажӯҳиши анъана ва русуми ниёгон дар таносуб бо дигар фарҳангҳои ҷаҳони муосир талаботи мубрами рӯз ба ҳисоб меравад. Инчунин эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон мусоидати комил менамояд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Апрель 18, 2025 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
Ба сокинони ноҳияи Данғара туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию меъмории нав бозёфт гардиданд
Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷонро тамошо карданд
Дар Кӯлоб таҳти унвони «Либоси миллӣ — оинаи тамаддун ва ҳуввияти миллӣ» фестивал доир шуд
Дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки қадимаи асри миёнагии Хутали қадим — шаҳри Андичароғ бозёфт гардид
«АНДАЛЕБ-2025». Ҳаваскорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмун гардиданд
Китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои синфи 8 дар таҳрири нав ба нашр расид
Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Темурмалик тақсими «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ оғоз гардид