Дар вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» оғоз гардид

Апрель 2, 2025 18:22

ДУШАНБЕ, 02.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини Шоҳин Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» оғоз гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, зимни ифтитоҳи фестивал  намоиш-фурӯши китобҳои бадеӣ баргузор гардид, ки аз он наврасон китобҳои тозанашр ва маҷаллаҳои кӯдаконаро дастрас намуданд.

Директори  Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон Рухшонаи Шералӣ иброз дошт, ки мақсад аз баргузории ин фестивал-озмун арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, арзишҳои миллию умумибашарӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва китобхонӣ мебошад.

Фестивал аз рӯи 5 номинатсия байни  хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар гузаронида мешавад. Инчунин давоми як ҳафта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамоишҳои гуногун идома меёбанд.

АКС: Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини Шоҳин

Апрель 2, 2025 18:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд