Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Узбекистон бозии дӯстона анҷом медиҳад

Апрель 10, 2025 14:15

ДУШАНБЕ, 10.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби  Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо тими миллии Узбекистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бозиҳо 13 ва 15 апрел дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи технологияи информатсионии Тошканд баргузор мешаванд.

Дар Ҷоми Осиё-2024 дар Тайиланд футзалбозони Узбекистон ва Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷойи сеюм вохӯрданд. Он замон вақти асосии бозӣ мусовӣ – 5:5 анҷом ёфта, дар зарбаҳои пеналти комёбӣ насиби дастаи Узбекистон – 3:1 гардид.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 10, 2025 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд