Дастаи ҷудои Тоҷикистон аз Чемпионати ҷудои Осиё бо 7 медал баргашт

Апрель 30, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 30.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати дастаи ҷудои мамлакат аз Чемпионати ҷудои Осиё аз шаҳри Бангкоки Тайиланд бо 7 медал ба Ватан баргашт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Варзишгарон ва мураббиёни онҳоро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе, ҳайати масъулини мактабҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва федератсияҳои варзишӣ, донишҷӯён ва дӯстдорону мухлисони варзиш гарму самимӣ ва бо суруру шодмонӣ истиқбол гирифтанд.

Зимни истиқболи варзишгарон иброз гардид, ки сари баланди ҳар яки шумо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ сарбаландии миллат ва ифтихори мамлакат аст. Маҳз дастгирию роҳнамоиҳои доимии падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш чун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Имрӯз варзишгарону мураббиёни мо бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ ҷавобан ба таваҷҷуҳу ғамхорие, ки нисбат ба онҳо зоҳир мегардад, талош меварзанд бо дастовардҳои назаррасу қобили таҳсину ифтихор Парчами давлатиро баланд бардоранд. Натиҷаи ҳамин ғамхориҳо дар самти варзиш аст, ки рӯз аз рӯз обрӯю нуфузи Ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ даҳҳо маротиба нисбат ба солҳои қаблӣ боло меравад.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Бангкоки Тайиланд рақобатҳои инфиродии Чемпионати ҷудои Осиё ба анҷом расиданд. 11 ҷудочии тоҷик дар ин мусобиқаи бонуфузи осиёӣ иштирок намуда, ба гирифтани 7 медал ноил шуданд.

Дар мусобиқа Темур Раҳимов (+100 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ба гирифтани медали нуқра шарафёб гардиданд.

Ҷудочиёни дигар Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Эмомалии Нуралӣ (-66 кг), Обид Ҷебов (-66 кг) ва Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг) ба гирифтани медалҳои биринҷӣ даст ёфтанд.

Умедҷон Раҷабов (-90 кг) панҷум ва Виктория Киселёва (+78 кг) ҳафтум шуданд. Кароматулло Ҳакимов (-100 кг) ва Кан Александра (-57 кг) бе натиҷаи назаррас монда, мағлуб шуданд.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки ҳайати ҷудои Тоҷикистон бори аввал дар мусобиқаи даставии Чемпионати ҷудои Осиё иштирок намуда, мақоми панҷумро сазовор гашт.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Апрель 30, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд