«ДАСТХАТҲОИ ҚАЛЪАИ МУҒ». Нодиртарин ёдгориҳои Тоҷикистон ба рӯйхати «Ҳофизаи ҷаҳонӣ»-и созмони ЮНЕСКО дохил гардиданд

Апрель 27, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 27.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дастхатҳои Қалъаи Муғ дар қатори 74 чунин дастхату ҳуҷҷатҳои нодири ҷаҳон ба Рӯйхати «Ҳофизаи ҷаҳонӣ»-и созмони ЮНЕСКО дохил гардиданд. Дастхатҳои Қалъаи Муғ бо пешниҳоди Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи Осиёи Марказӣ ва Маркази ҷаҳонии мероси хаттӣ, ки аз ниҳодҳои созмони ЮНЕСКО ҳастанд, ба ин рӯйхат дохил карда шудаанд. Дар ин хусус сомонаи ЮНЕСКО 17 апрели соли 2025 хабар интишор намуд.

Қалъаи Кӯҳи Муғ (Қалъaи Муғ, ё Қалъaи кӯҳи Муғ) дар баландие, ки дар байни сокинони маҳаллӣ бо номи Кӯҳи Муғ маълум аст, дар соҳилҳои чапи дарёи Зарафшон ва дарёчаи Кум дар баландии 1411 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Кӯҳи Муғро аз се тараф дарёи Зарафшон ва дарёчаи Кум иҳота кардаанд ва худи Қалъа аз се тараф тавассути нишебиҳо муҳофизат карда мешавад. Танҳо аз самти ҷануб ба сӯи кӯҳи Муғ дастрасӣ пайдо мешавад, ки ҳамон ҳам бо роҳҳои хатарноку душворгузари кӯҳӣ аст.

Ин қалъа ҳамчун қалъаи Абаргар низ дар як манбаи арабӣ сабт шудааст (Ат-Табар), ки ҳамчун охирин паноҳгоҳи Деваштич (Dēwāštič), ҳокими Панҷакент ва шоҳи Суғд дониста мешавад.

Ходими илмии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Абдураҳмон Пӯлодов дар матлаби худ ба унвони АМИТ «Ховар» иброз намуда буд, ки соли 1932 сокини деҳаи Хайрободи ноҳия Заҳматобод (имрӯза ноҳияи Айнӣ) Ҷураалӣ Муҳаммадалӣ дар харобаҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ дастхате дарёб менамояд, ки он бо як забони барои ӯ нофаҳмо навишта шуда буд. Чанд моҳ дастхат аз даст ба дасти сокинони деҳаҳои атроф мегузашт, вале касе намедонист, ки онҷо чӣ мактубе навишта шудааст. Ниҳоят, дастхат ба дасти раиси онвақтаи ноҳияи Заҳматобод Абдулҳамид Пӯлодӣ мерасад, ки маҳз бо ташаббуси он шахс ин нусха дарҳол ба пойтахт ва баъдан ба Ленинград (Санкт-Петербург) фиристода мешавад.

Дар натиҷаи ҳафриёти соли 1933 аз Қалъаи Кӯҳи Муғ 75 дастхати суғдӣ, як дастхат бо забони арабӣ, як дастхати туркии қадимӣ (дар яке аз ҳуҷҷатҳо бо чинӣ навишта шуда буд, ки он бо дастхатҳои мазкур алоқамандӣ надошта, аз ҷониби суғдиҳо ҳамчун маводи сиёҳнавис истифода шудааст) пайдо гардиданд, ки ҳоло дар филиали Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия дар Санкт-Петербург нигоҳ дошта мешаванд.

Қалъаи Кӯҳи Муғ аз муҳимтарин рӯйдодҳои охири асри 7 ва ибтидои асри 8, ҳуҷуми аҷнабиён ба сарзамини Суғд, шаҳрдорию хоҷагидорӣ, расму суннати оиладорӣ, савдои дохилӣ, вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва ғайра шаҳодат медиҳад. Бо шарофати таҳлил ва хониши ҳуҷҷатҳои Кӯҳи Муғ ба олимон муяссар шуд, ки таърихи сиёсии Осиёи Марказии он замонро то ҳадди имкон барқарор кунанд.

Тавре ки мо изҳор намудем, дар ин ҷо дар натиҷаи ҳафриёт зиёда аз 400 бозёфти дигири маданияти моддӣ, аз ҷумла бозёфтҳои гуногуни чӯбин, нуҳ намуди матои шоҳӣ, маснуоти фулузӣ, маснуоти чармӣ, сабадҳои бофташуда, пораҳои лавозимоти ҷангӣ, зарфҳои сафолӣ ва ғайра пайдо гардиданд.

Ҳамчунин дар ин ёдгорӣ низ бозёфтҳои асрҳои 7-9 мелодӣ, бахусус дастхатҳои суғдӣ пайдо гардиданд, ки андешаи ба Матрушкати асримиёнагӣ мутааллиқ будани онро мустаҳкам менамоянд. Ин буд як мисоле аз робитаи дастхатҳои суғдии Қалъаи Кӯҳи Муғ бо номгузории баъзе аз рустоқҳои Суғди асримиёнагӣ.

Дастхатҳои суғдӣ аз мавҷудияти шаҳри асримиёнагии қадимии  Панҷакент низ шаҳодат дода буданд. «Бори аввал мо бо номи Панҷакент дар дастхатҳои суғдии аз Кӯҳи Муғ ёфтшуда, ки мутааллиқи чоряки аввали асри 8 ҳастанд, дучор меоем», – менависад шарқшиноси рус, яке аз таълифгарони матнҳои суғдӣ Олга Смирнова. Асноди дастхатҳои Кӯҳи Муғ имкон медиҳанд, ки инчунин якчанд масоили ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Кӯҳистони Суғдро дар асрҳои 7-8 таҳлилу талқин намоем.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Апрель 27, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад