Даъватшавандагони ноҳияи Варзоб ҳимояи марзу буми Ватанро вазифаи муқаддас ва пурифтихори хеш номиданд
ВАРЗОБ, 02.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Парчами миллӣ»-и ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи даъватшаванда ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Дар ин рӯз даъватшавандагон бо дуои неки модарон барои ҳифзи Ватан – Модар ба сафи Артиши миллӣ ҷалб шуданд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар шахси солимфикр ва бонангу номуси давлатамон мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо ҷавонони синни даъватӣ корҳои таблиғотию ташвиқотӣ гузаронида, дар мавзуъҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, таҳаммулпазирӣ, азхуд кардани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ҷаҳонбинии демократию дунявӣ, таҳкими ваҳдат ва суботи ҷомеа ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ мунтазам суҳбатҳои судманд мегузаронад. Дар натиҷа сафи даъватшавандагони ихтиёрӣ ва чун мутахассис пайвастани онҳо ба Артиши миллӣ зиёд гардидааст.
Дар ҳамоиши идона собиқадорони Артиши миллӣ, волидайн ва даъватшавандагон сухан гуфта, ба роҳбарияти олии мамлакат барои муҳайё намудани шароити хуби хизматбарӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Даъватшавандагон ба волидайн ваъда доданд, ки қарзи шаҳрвандиро адо намуда, баъди хизмати ҳарбӣ дар мамлакат софдилона меҳнат менамоянд.
Дар ҷамъомад аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба даъватшавандагон, ки даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ронандагиро хатм намудаанд, ҳуҷҷати ронандагӣ тақдим гардид.
Аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳияи Варзоб барномаи бошукуҳи ҳунарӣ пешкаши ҳозирин гардид.
Аз ҷониби сарбозони қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ машқҳои ҳарбӣ намоиш дода шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






