Директори Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Русия бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд

Апрель 24, 2025 13:43

ДУШАНБЕ, 24.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Директори Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Русия Дмитрий Аристов,   ки бо мақсади густариши ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон рафта, бо таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик  шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Зимни  сайри осорхонавӣ  ба ҳайати Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Русия дар толорҳои «Асри санг»,   «Саразм», «Оини зардуштӣ», «Кулолгарӣ», «Ҳахоманишиҳо», «Сиккаҳо», «Кушониён», «Аҷинатеппа» ва толори «Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» таърихи куҳани халқи тоҷик ва фарҳанги бисёрҳазорсола муаррифӣ гардид.

Дар анҷом Дмитрий Аристов  ва ҳайати ҳамроҳонаш аз тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон  изҳори хушнудӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ таассуроташонро навиштанд.

 АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 

 

Апрель 24, 2025 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд