Душанбе мизбони Форуми Шурои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ мегардад

Апрель 3, 2025 10:52

ДУШАНБЕ, 03.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 8 апрели соли 2025 шаҳри Душанбе мизбони Форуми Шурои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

То имрӯз 65 нафар аз 18 давдати Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ иштироки худро дар ин форум тасдиқ намудаанд.

Маросими ифтитоҳи форум 6 апрел баргузор гардида, қабл аз он  имзои шартномаи нави ҳамкорӣ байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар назар аст.

Ҳамзамон дар доираи форум баргузории чорабинии варзишии «Дави дӯстӣ» ба нақша гирифта шудааст, ки иштирокчиёни он мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе тамошо менамоянд.

Дар ҷаласаи  Форуми Шурои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ масъалаҳои сеюмин Бозиҳои Осиё байни наврасон дар давлати Баҳрайн, Бозиҳои Осиё дар толор ва ҳунарҳои размӣ дар Ар – Риёзи Арабистони Саудӣ – 2026, 20 – умин Бозиҳои Осиё дар Айчӣ – Ногояи Ҷопон – 2026, барномаҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ, омода намудани варзишгарон барои Бозиҳои олимпии Лос – Анҷелес — 2028 мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Форум барои густариш додани  ҳамкорӣ дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва муаррифии фарҳанги миллӣ  имконияти мусоид фароҳам меорад.

АКС: Dushanbe-travel

Апрель 3, 2025 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд