Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид

Апрель 15, 2025 17:06

ДУШАНБЕ, 15.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Фестивал — намоишгоҳи дуюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ифтитоҳи фестивал-намоишгоҳ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аз робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон дар соҳаи маориф ёдовар шуда, иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми се даҳсола барои рушди бештари соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, бахусус маорифи миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам намудааст.

«Боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки фестивал-намоишгоҳ соли дуюм аст, ки дар фазои илму таҳсилоти Тоҷикистон чун анъанаи неки ҳамгироии таҳсилотӣ доманаи фарогирии худро зиёд менамояд. Бо туфайли чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ намояндагони соҳаи илму маорифи кишварҳои мухталиф имкон ба даст меоранд, ки дастовардҳои соҳаи маориф ва муассисаи худро муаррифӣ намуда, шарикони нави ҳамкорӣ пайдо кунанд ва бахшҳои барои ҷонибҳо манифиатдорро боз ҳам тавсеаву рушд диҳанд», -изҳор намуд Дилрабо Мансурӣ.

Таъкид карда шуд, ки мақсад ва ҳадафи фаъолияти низоми маорифи дилхоҳ давлат, пеш аз ҳама, ба омода намудани мутахассисони баландихтисоси бахшҳои мухталифи хоҷагии халқ ва давлату миллат равона шуда, масъалаи рушди касбият ва таҳкими захираҳои инсонӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти ҳаётан муҳимми ин соҳа ба шумор меравад. Бо дарки амиқи ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар сиёсати давлатии хеш мақоми мактабу маорифро дар меҳвари асосӣ ҷой додаанд. «Маҳз бо дастгирӣ ва талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис дода шудааст, ки ҷавонони дорои маҳорат ва малакаи баланди забондонӣ тавассути ин стипендия аллакай дар даҳҳо муассисаҳои сатҳи ҷаҳонӣ таҳсил доранд. Онҳо дар оянда бо истифода аз донишҳои замони муосир дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳм мегузоранд», -иброз намуд Вазири маориф ва илм зимни фестивал.

Дар идомаи қисмати ифтитоҳии фестивал — намоиш сафирони якчанд давлат ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи мамлакат оид ба шароити таҳсил, будубош, рушди ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни ҳам сухан намуда, аз ҳамкории дуҷониба дар самти маориф изҳори қаноатмандӣ карданд.

Баргузории Фестивал-намоишгоҳи дуюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маорифи ҷаҳонӣ, таҳкими ҳамкории соҳаи илму маорифи кишварҳои ширкаткунанда саҳми арзанда гузошта, инчунин уфуқҳои нави ҷаҳони илму таҳсил ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалии таълимӣ-инноватсионӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Баъд аз ифтитоҳи фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон иштирокдорон бо намоишгоҳи муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмии 13 давлати хориҷӣ дар «Маркази ЭКСПО – Душанбе» шинос шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивал — намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ барои шиносоии пурраи ҷавонону наврасони мамлакат бо дастоварду имконияти донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон, ҷалби шумораи бештари ҷавонони тоҷик ба ин муассисаҳо, ба самтҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологияҳои иттилоотии муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ фаро гирифтани ҷавонони мамлакат ва ба ин васила кам намудани таъсири хурофот ва радикализми динӣ ба тафаккури ҷомеа, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, инчунин фароҳам намудани шароит барои густариши ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат менамояд.

Фестивал – намоишгоҳ рӯзи гузашта дар «Маркази ЭКСПО – Душанбе» бо иштироки 180 намояндаи 82 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмии 13 давлати хориҷӣ, аз ҷумла ИМА, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кипр, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Малайзия, Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Беларус шуруъ шуд, ки дар рӯзи аввали он зиёда аз 6 ҳазор хонандагон иштирок намуданд. Фестивал – намоишгоҳ аз 14 то 18 апрел дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлон ва Суғд баргузор мегардад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Апрель 15, 2025 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Хуҷанд даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ идома дорад
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал ҳамкориро таҳким мебахшанд
Ба кормандони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муқаррароти Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» тавзеҳ дода шуд
Дар Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар вобаста ба саҳми иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ҳамоиш доир шуд
Вобаста ба тибби сайёҳӣ ва нақши он дар рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳафтаи илм оғоз гардид
Дар Рӯзи пойтахт ғолибони озмунҳои шаҳрӣ дар соҳаи маориф қадрдонӣ гардиданд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон масъалаи омоданамоии муҳандисони самти роҳсозӣ баррасӣ гардид
Бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон ва Чин машварат баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳафтаи илм оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Ҳафтаи илм конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид