Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «BRAINIECS-2025» соҳиби 37 медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 30.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 70 хонандаи муассисаҳои таълимии пойтахт дар Олимпиадаи байналмилалии «BRAINIECS-2025» соҳиби 37 медал, аз ҷумла 7 медали тилло, 13 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Олимпиадаи байналмилалӣ аз рӯйи фанҳои табиӣ-риёзӣ дар шаҳри Куала-Лумпури Шоҳигарии Малайзия баргузор гардид. Дар он намояндагони беш аз 20 давлати дунё ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Олимпиада дар татбиқи бандҳои дахлдори барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон гардидани солҳои 2020-2040» ва «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» саҳм мегузорад.
Иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар олимпиадаҳои байналмилалӣ имкон медиҳад, ки хонандагон ба фазои олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ ворид гардида, таҷрибаи давлатҳои пешсафро омӯзанд. Ба ин восита онҳо барои иштирок дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ таҷрибаи кофӣ меандӯзанд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






