Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 11.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 11 апрел дар шаҳри Душанбе иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар асоси моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то интихоб шудани Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум ба ҳайси аъзои синну солаш калонтарин узви Маҷлиси миллӣ Низом Қосим оғоз бахшид.
Иттилоъ дода шуд, ки 28 марти соли 2025 интихоботи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он 25 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамчунин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2025 боз 6 аъзои дигари Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданд, ки ҳамаи аъзои интихоб ва таъйингардида дар толор иштирок доштанд.
Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионӣ, раиси Суди Олӣ ва раиси Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Тибқи дастур, дар иҷлосия ҳайати котибот иборат аз 3 нафар ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 10 масъала:
— Дар бораи интихоби Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба интихоби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум;
— Дар бораи интихоб намудани Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Оид ба муқаррар намудани шумораи муовинони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Дар бораи интихоби муовинони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Дар бораи таъсиси кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Дар бораи интихоби раисони кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Дар бораи таъсиси Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Дар бораи шумораи ҳайати кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Дар бораи интихоб намудани ҳайати кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Дар бораи таъйин намудани Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.
Сипас, аъзои Маҷлиси миллӣ ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум шуруъ карда, нахуст Комиссияи баҳисобгирии овозҳоро дар ҳайати 5 нафар интихоб намуданд.
Оид ба масъалаи дуюми рӯзнома — дар бораи интихоби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди узви Маҷлиси миллӣ Раҷабзода Зунайда оид ба интихоби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Рустамзода Замира, Абдураҳимзода Шоира, Маъмурзода Адҳам ва Идизода Зарина муҳокима ва дастгирӣ ёфтанд.
Сипас, тибқи банди 17 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ному насаби номзади пешниҳодгардида ба бюллетенҳои овоздиҳии пинҳонӣ ворид гардид. Аъзои Маҷлиси миллӣ ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ҷонибдорӣ ва ӯро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд.
Пас аз интихоб гардидан ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар иҷлосия суханронӣ намуданд.
Сипас кори иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум таҳти раисии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ идома ёфт.
Оид ба масъалаҳои сеюму чоруми рӯзномаи иҷлосия доир ба муқаррар намудани шумораи муовинони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби муовинони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоб намудани узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Раҷаббойро ба вазифаи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзадии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзонабот Алишер Худобердиро ба вазифаи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум суханронӣ намуда, доир ба таъмини самарабахшии фаъолияти мақоми олии қонунгузор, густариши мавқеи он дар рушди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва таъмини пешрафту суботи мамлакат ҳидоятҳо намуданд.
Пас аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум ба кори худ идома бахшид.
Вобаста ба масъалаҳои дигари рӯзномаи иҷлосия, аз ҷумла дар бораи таъсиси кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард, ки дар Маҷлиси миллӣ 5 кумита ва Комиссия оид ба назорати дастур таъсис дода шавад.
Ҳамин тариқ, Ватанзода Маҳмадалӣ — раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, Акрамзода Парвиз — раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, Каримзода Мунира — раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, Хушвахтзода Қобилҷон — раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, Давлаталӣ Саид — раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия ва Идизода Зарина — раиси Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид назорати Дастур интихоб гардиданд.
Дар идома оид ба таъсиси Шуро, муайян намудани шумора ва интихоби ҳайати кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Дилшод Сафарбек роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аъзои Маҷлиси миллӣ дар вазъияти тантанавӣ ба халқи Тоҷикистон савганд ёд намуданд.
Пас аз танаффуси кӯтоҳ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум кори худро идома дод.
Аъзои Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраргардида рӯзномаи иловагии иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ, даъвати ҳафтумро дар робита ба баррасии якчанд қонунҳои аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабулгардида, аз ҷумла санадҳои қонунгузорие, ки барои пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он таҳия ва қабул гардидаанд, тасдиқ намуданд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният ва оид ба иқтисодиёту коммуникатсия маъруза карда, хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд.
Пас аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ҷонибдорӣ карда шуданд.
Бо ҳамин кори иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум ба охир расид.