Иди байналмилалии Наврӯз дар Қароргоҳи СММ дар шаҳри Вена таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 03.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 апрел бо ташаббуси намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Туркманистон ва Эрон дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Вена Иди байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия хабар доданд, дар ҳамоиши наврӯзӣ намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ҳайати дипломатӣ ва шаҳрвандони кишвар, ки муқими шаҳри Вена ҳастанд, иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш кишварҳои иштирокдор гӯшаи фарҳангии худро оро доданд. Дар қатори онҳо гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо ғизоҳои миллӣ ва шириниҳои наврӯзӣ, ҳафтсину ҳафтшин ва ҳунарҳои дастии мардумӣ, аз қабили сӯзанию гулдӯзӣ ба ҳозирин пешниҳод гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия













Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд






