Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 март дар бинои Бунёди Корея бо иштироки сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ маросими рӯнамои китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром оид ба ин ҷашни қадимии тоҷикон, фарҳанги наврӯзӣ, эҳёи дубораи Наврӯз дар даврони истиқлол ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидани Наврӯз ҳамчун мероси фарҳангии башарият сухан гуфт.
Дар ин китоб, ки аз ҷониби Маркази байналмилалии иттилоот ва шабакасозӣ барои мероси фарҳангии ғайримоддии Осиё ва Уқёнуси Ором таҳти сарпарастии ЮНЕСКО (UNESCO ICHCAP), Муассисаи байналмилалии мутолиоти Осиё (IICAS) ва Хадамоти мероси Корея таҳия шудааст, мақолаҳои муҳаққиқони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар бораи анъанаҳо ва аҳаммияти башарии Наврӯз гирдоварӣ шудаанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея













Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






