Имкониятҳои сайёҳии табобатии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд

Апрель 11, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 11.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Таҳкими устувории саломатӣ дар бахши сайёҳӣ» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар он роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Осёии рушд ва дигар вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Зиёдулло Салимзода тариқи рӯнамо вобаста ба имкониятҳои сайёҳии табобатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.

Таъкид карда шуд, ки рушди сайёҳии табобатӣ, солимгардонӣ, санаторӣ ва истироҳатӣ яке аз ҳадафҳои асосии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маҳсуб ёфта, бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумита ин намуди сайёҳӣ дар баргузории намоишгоҳҳои байналмилалӣ ҳамасола муаррифӣ мегардад.

Иброз гардид, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 200 чашмаҳои табобатӣ мавҷуд буда, дар аксари онҳо осоишгоҳҳо сохта шудаанд, ки манбаи сиҳативу омили табобат барои сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ҳисоб мераванд. Инчунин осоишгоҳҳои мазкур марказҳои бузурги табобатӣ ва ташхисӣ буда, бо намудҳои гуногуни дастгоҳҳои муолиҷавӣ ва хизматрасонии маданию маишӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат маъмуланд.

Апрель 11, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд