Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад

Апрель 12, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 12.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда,  дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 14+16 дараҷа гарм ва рӯзона 29+31 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 12, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Волейбол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷиҳати тиҷоратӣ дастгирӣ ёфт
4 август дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
1 август дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар якчанд кумитаю муассиса нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид
Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» навсозӣ мешавад
Ҷаласаи Шурои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон доир гардид
1 август дар якчанд кумитаю муассиса нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
31 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад