ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Кишоварзони ноҳияи Деваштич дар 9 ҳазор гектар картошка кишт менамоянд
ДУШАНБЕ, 30.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Деваштич дар майдони 9 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад, ки нисбат ба соли 2024 800 гектар бештар аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар ноҳияи Деваштич, ки яке аз минтақаҳои асосии картошкапарварии мамлакат ба шумор меравад, сол ба сол майдони кишти картошка зиёд карда мешавад. Дар хоҷагии деҳқонии «Шоҳон»-и Ҷамоати Исмоили Сомонии ноҳия дар 280 гектар кишти картошка ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз дар 130 гектар кишт анҷом дода шуда, барои иҷрои пурраи нақша тухмии зарурӣ захира гардидааст. Соли 2024 дар ин хоҷагӣ аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 450-сентнерӣ ҳосил гирифта шуд.
Деваштич ноҳияи аграрӣ буда, иқлими он барои парвариши тамоми намуди зироат мувофиқ аст. Барои парваришу истеҳсоли картошка ва то ба 500 ҳазор тонна расонидани ҷамъоварии ба истилоҳ «нони дуюм» дар ноҳияи Деваштич имконият фаровон аст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст






