Кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент дар 380 гектар картошка кишт менамоянд
ДУШАНБЕ, 13.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент тасмим гирифтаанд, ки дар мавсими баҳор дар 380 гектар картошка кишт намоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.
Бо ин мақсад дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ кишт вусъат дода мешавад. Аз ҷумла, бо истифода аз обу ҳавои мусоид дар мавзеи Дашти Малла саҳмдорони хоҷагии деҳқонии Қодири Султон ва дигар кишоварзон ба ҳашар баромада, дар 1,7 гектар картошка шинониданд. Майдони кишти он дар ҷамоати деҳот ба 115 гектар расонида шуд.
Инчунин дар мавзеи Боғчаи Ҷамоати деҳоти Шинг низ кишти картошка идома ёфта, саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Ҳақиқат» ва хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ то кунун дар 20 гектар картошка кишт намудаанд. Дар қисмати кӯҳсори ҷамоати деҳот кишти картошка нав оғоз шудааст.
Роҳбарияти шаҳр зимни шиносоӣ бо ҷараёни кишти баҳорӣ, аз ҷумла картошка дар ин ҷамоатҳои деҳот ба масъулин барои омода намудани замин ва вусъат додани кишти картошка тавсияҳои судманд доданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






