Кишоварзони ноҳияи Фархор дар беш аз 9 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд
ДУШАНБЕ, 19.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияи Фархор тибқи нақша дар 9740 гектар пунбадона кишт карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор иттилоъ доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки маҷмуи заминҳои корам дар ноҳия 24 511 гектарро ташкил дода, аз ин 19000 гектараш заминҳои корами обӣ мебошад.
Ҳамчунин дар ноҳия барои таъмини амнияти озуқавории кишоварзон дар 10678 гектар маҳсулоти ғаладонагӣ, дар 368 гектар картошка, дар 550 гектар пиёз, дар 950 гектар сабзавот ва дар 830 гектар полезӣ кишт намудаанд, ки 65 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Сардори шуъбаи кишоварзии ноҳияи Фархор Маҳмадшариф Намозов иброз намуд, ки «обёрии саривақтии қитъаҳои замини корам муҳимтарин омили таъмини фаровонҳосилӣ дониста мешавад. Дар ноҳияи Фархор барои обёрии заминҳои корам 5 пойгоҳи обтаъминкунӣ мавҷуд аст, ки тавассути ин пойгоҳҳо 5486 гектар қитъаҳои замини корам бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд».
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар мавсими обёрӣ барои сари вақт бо оби полезӣ таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ то имрӯз дар 32 километр канал ва дар 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуда, раванди омодагиҳо ба мавсими обёрӣ идома дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид






