Кишоварзони ноҳияи Шаҳристон дар 1735 гектар картошка кишт менамоянд
ДУШАНБЕ, 20.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақша имсол дар ноҳияи Шаҳристон кишоварзон дар 1735 гектар картошка кишт менамоянд. То имрӯз дар беш аз 400 гектар кишт гузаронида шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Ноҳияи Шаҳристон аз минтақаҳои картошкапарвар дар вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, деҳқонон ва кишоварзон бо истифода аз шароити мусоиди мавҷуда ва дастрасӣ ба обу замин ҳамасола майдони кишт ва ҳаҷми истеҳсоли картошкаро зиёд мекунанд.
Дар хоҷагии деҳқонии «Бурибойота», ки дорои 24,4 гектар замин буда, аз он 6,92 гектар замини обӣ аст, дар 3,5 гектари он картошка кишт мешавад.
Картошкапарварон тухмии картошкаро асосан аз ноҳияи Деваштич дастрас менамоянд, зеро он ба иқлими ноҳияи Шаҳристон мутобиқ буда, ҳосили фаровон медиҳад. Аз ҷониби хоҷагиҳо ҳамасола тухмии нав харидорӣ ва тухмии кӯҳна иваз карда мешавад. Ин омил боиси гирифтани ҳосили баланд мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад






