Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ

Апрель 1, 2025 20:30

ДУШАНБЕ, 01.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ дар робита ба 30-солагии барпо кардани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кувайт мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ омадааст:

«Аълоҳазрат,

Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба ифтихори 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт самимона табрику таҳният мегӯям.

Мояи фараҳмандист, ки тайи ин муддат равобити дӯстию ҳамкориҳои судманди байни кишварҳои мо пайваста рушд карда, имрӯз фарогири арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошанд.

Муколамаи фаъол ва мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд баҳри тақвияти бештари онҳо, инчунин ҳамёрии созанда дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ аз самараи умедбахши ин раванд маҳсуб меёбанд.

Мо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкории сермаҳсули кишварҳоямон қаноатманд буда, хоҳони таҳкиму густариши боз ҳам бештари муносибатҳои ҳамаҷонибаи байнидавлатӣ ҳастем.

Умед дорам, ки бо саъю талошҳои пайгиронаи муштарак равобити ҳасанаи Тоҷикистону Кувайт минбаъд низ ба таври афзоянда густариш ёфта, мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон бо иқдомоти нави амалӣ ғанӣ хоҳанд гардид.

Дар ин замина, омодагии ҳаматарафаи инҷонибро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани мувофиқаҳое, ки дар чорчӯби музокироти судманди ҷонибҳо зимни сафари ахири ман ба Давлати Кувайт ҳосил гардида буданд, таъкид менамоям.

Бо истифода аз ин фурсати фархунда ба Шумо, бародари гиромӣ, сиҳатмандии комил, саодати рӯзгору пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Кувайт сулҳу субот ва шукуфоии пойдор орзу менамоям».

Дар барқияи табрикии Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони дӯст

Бо арзи салому дуруд шарафёбам ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, беҳтарин таоруфоти худро тақдим карда, бароятон аз Худованди мутаол сиҳатмандӣ ва офияти бардавомро масълат намоям.

Боиси хушнудии ман аст, ки Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломаиӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии дӯсти Тоҷикистон самимона табрику таҳният гӯям.

Мо руҳияи ҳамкорӣ, ки раванди муносибатҳои нек байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии дӯсти Тоҷикистонро фаро мегирад, баланд арзёбӣ мекунем ва ба ҳавасмандии ҳамешагӣ ва муштараки худ ҷиҳати таҳкими ин муносибатҳо ва пайвандҳо ва баланд бардоштани чаҳочӯби ҳамкории муштарак ба уфуқҳои фарохтар таъкид менамоем.

Инчунин, мехоҳам фараҳмандии бепоёни худро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар робита ба сафари расмиатон ба Давлати Кувайт моҳи ноябри соли 2024, ки барои рушди робитаҳои матини ду кишвар натиҷаҳои муфид дар пай дошт, изҳор намоям.

Бо истифода аз ин фурсат Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати иди саиди Фитр таҳният мегӯям ва аз Парвардигор хоҳони онам, ки ин иди фархундаро ба ду кишварҳо ва мардумони бо ҳам дӯсти мо ва инчунин, ба Уммати мусулмон бо хайру саодату баракот дигарбора фаро расонад.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, идомаи комёбӣ ва музаффарият ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми дӯсти он пешрафту шукуфоии беш аз пеш таманно дорам».

Апрель 1, 2025 20:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон