Намояндагони доимии кишварҳои ИДМ аз баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иттилоъ доданд
ДУШАНБЕ, 23.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони доимии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳодҳои Иттиҳод 22 апрел дар шаҳри Минск баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар медиҳад.
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода доир ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, маълумот дод.
Дар ҷаласа намояндагони доимӣ натиҷаҳои ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки 11 апрел дар Алмаато баргузор шуда буд, ҷамъбаст намуданд. Ҳамчунин вазифаҳо барои татбиқи санадҳои дар Шурои вазирони корҳои хориҷӣ қабулшуда ва тавофуқоти ҳосилшударо пешакӣ муайян намуданд.
Дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамаи масъалаҳои ба рӯзнома воридшуда баррасӣ ва 17 санад қабул карда шуд. Аз ҷумла, масъалаҳо оид ба лоиҳаи «Барномаи ҳамкорӣ дар самти таҳкими амнияти сарҳадӣ дар марзҳои беруна барои солҳои 2026-2030» ва таҳияи лоиҳаи Низомнома дар бораи Форуми волонтёрони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардида, натиҷаҳои татбиқи соли гузаштаи Нақшаи бисёрсатҳаи вазоратҳои корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Барномаи амал оид ба густариши шарикӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ ҷамъбаст карда шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил








СУЛҲУ ОРОМӢ — АРЗИШИ МУҚАДДАСУ ТАЪРИХӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Дар ҳошияи қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
Дар Ню-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе муаррифӣ шуданд
Дар Ашқобод доир ба аҳамияти қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ нишасти матбуотӣ баргузор шуд
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд






