Назоратчии барқ маблағи ҳаққи истифодаи неруи барқро аз сокинон ҷамъоварӣ ва азхуд кардааст
ДУШАНБЕ, 29.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 53-солаи сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда маблағи ҳаққи истифодаи неруи барқро аз сокинони Ҷамоати деҳоти Маданияти ин ноҳия ҷамъоварӣ намуда, қисми зиёди онро азхуд кардааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, гумонбаршаванда аз 8 январи соли 2021 то инҷониб дар вазифаи назоратчии барқи Шабакаҳои барқии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ фаъолият доштааст. Номбурда дар давоми фаъолияти кориаш солҳои 2024-2025 аз 24 сокини Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи мазкур аз 30 то 500 сомонӣ, дар умум 30 ҳазору 870 сомонӣ ҷамъоварӣ намуда, аз ин маблағ 6 ҳазору 600 сомониашро ба суратҳисоби ташкилоти барқӣ ворид карда, 24 ҳазору 270 сомонии боқимондаашро азонихуд намудааст.
Нисбат ба гумонбаршаванда бо қисми 2, моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.
Акс аз манбаъҳои боз








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






