Омодагӣ барои фаъолияти мунтазаму самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026
ДУШАНБЕ, 09.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. То 1 июни соли 2025 бояд нақшаи захиракунии маводи асосии ғизои босифату дастрас, аз ҷумла орд, равған, шакар, биринҷ, пиёз, картошка, консерваҳо ва маҳсулоти дигари озуқаворӣ дар бозорҳо, анбору сардхонаҳо новобаста аз шакли моликияти онҳо таҳия ва тасдиқ гардад. Чунин омадааст дар банди 2.3-и «Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025 тасдиқ гардидааст.
Баҳри иҷрои ин банди Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» вазифадор гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори мазкур то 10 майи соли равон бояд вазорату идораҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, корхона, муассиса ва дигар ташкилот, новобаста аз шакли моликият бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 бояд ситоди фаврӣ таъсис дода, нақшаи чорабиниҳоро тасдиқ намоянд.
АКС аз бойгонӣ








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






