Осорхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Беларус ҳамкории осорхонавиро густариш медиҳанд

Апрель 23, 2025 13:21

ДУШАНБЕ, 23.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тақвияти робитаҳои фарҳангӣ осорхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Беларус  тасмим гирифтаанд, ки ҳамкориро густариш диҳанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода дар шаҳри Минск –пойтахти  Беларус бо директори Осорхонаи миллии таърихии Ҷумҳурии Беларус Александр  Храм  мулоқот намуда, дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ байни ин ду муассисаи фарҳангӣ  -Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи   миллии таърихии  Беларусро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо доир ба таҳкими ҳамкории осорхонавӣ, аз ҷумла ташкили намоишҳои муштарак, баргузории конфронсҳои илмӣ, чопи феҳристҳо, бозомӯзии кормандон ва масъалаҳои марбут ба тармиму таҳкими нигораҳои таърихӣ табодули назар намуданд.

Баъди мулоқот директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон  толорҳои намоишии Осорхонаи миллии таърихии Беларусро тамошо намуд.

        АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Апрель 23, 2025 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд