Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони «Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ» иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 04.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 апрел дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷаҳон имрӯз бо мушкилоти тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ аст ва минтақаи мо низ аз ин истисно нест.
Таъкид гардид, ки оқибатҳои фоҷеабори тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёт ва экосистемаҳои кишварҳои мо зарари калон расонида, ба ҳаёти одамон таҳдид менамояд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳаҷми солонаи маблағгузории барномаҳои иқлимӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки он беш аз 400 миллион долларро ташкил медиҳад ва дар сурати пайомадҳои бузург ин рақам ба 1,5 миллиард доллар мерасад.
Изҳор карда шуд, ки дар чунин шароит танҳо саъю кӯшишҳои якҷояи кишварҳои минтақа ва дастгирии ҷомеаи чаҳонӣ барои бартарафсозии ин мушкилот ба мо кумак мерасонад.
Ба таъкиди Сарвари давлати мо давоми бист соли охир барномаҳои марбут ба обу иқлим пешниҳоднамудаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ фаъолона татбиқ мегардад ва зимнан ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва устувории экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
“Қабули 14 қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи глобалӣ дар соҳаи об заминаи мустаҳкам гузошт”, изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуданд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии мо, инчунин, барои татбиқи ҳадафҳо, аз ҷумла ҳадафҳои “Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030” мусоидат намуданд.
Тавре таъкид карда шуд, байни энергетика ва тағйирёбии иқлим робитаи зич вуҷуд дорад ва рушди энергетикаи “сабз” метавонад қадами мусбат дар роҳи ҳифзи иқлим бошад.
Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон ҳоло 98 дарсади неруи барқ аз манбаъҳои обии худӣ истеҳсол карда мешавад ва кишвари мо дар ҷаҳон аз барои истеҳсоли энергияи “сабз” аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷойи шашум қарор дошта, тибқи нақша то соли 2032 пурра ба истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия мегузарад.
Таъкид карда шуд, ки пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии захираҳои обии минтақа мебошанд ва 60 дарсади оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбад.
Доир ба аҳамияти масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим сухан гуфта, Сарвари давлат аз обшавии пиряхҳо, аз ҷумла комилан обшудани ҳудуди 1300 адад аз 14 ҳазор пиряхи ҳудуди Тоҷикистон дар панҷоҳ соли охир изҳори нигаронӣ намуданд.
Ба таъкиди Президенти кишвар ин ҳолат тамоюли хеле ташвишовар мебошад, зеро пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд.
“Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон намуд”, изҳор доштанд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ёдовар шуданд, ки дар асоси ин қарор, моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир мешавад ва ин боз як нақши назарраси Тоҷикистон дар рӯзномаи ҷаҳонии иқлим хоҳад буд.
Аз иштирокдорони ҳамоиш барои иштироки фаъолона дар кори Конфронси Душанбе ва дар маҷмуъ барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи пиряхҳо даъват намуда, Президенти кишвар изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои Конфронси Душанбе ва саъю кӯшиши якҷояи кишварҳое, ки дар кори он иштирок менамоянд, бешубҳа, барои баргузории муваффақонаи Конфронси СOP-30 дар Бразилия дар охири соли равон нақши назаррас мегузоранд.
Истифодаи технологияҳои муосири каммасраф ва муносибати эҳтиёткорона ба об чун манбаи муҳимтарини ҳаёт шарти асосии кам кардани талафоти он шуморида шуд. Дар ин зимн, аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват карда шуд, ки ба масъалаи афзуннамоии маблағгузории чораҳои марбут ба ҳифзи иқлим ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба кишварҳои осебпазир, бахусус, кишварҳои рӯ ба тараққӣ, тадбирҳо биандешанд.









Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб марказҳои обтаъминкунӣ ва корезро ба истифода доданд






