Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 24.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 23 апрел Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тсзи Шумин мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба муносибатҳои байнипарлумонӣ, робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуданд.
Гуфта шуд, ки муносибатҳои байнипарлумонии ҷумҳуриҳо пайваста густариш ёфта, ба рушду таҳкими муносибатҳо дар дигар ҷанбаҳо мусоидат менамоянд. Ҷумҳурии Мардумии Чин бузургтарин сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон ва шарики асосии тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Робитаҳои иқтисодии мамлакатҳоро ҳамсарҳад будани Тоҷикистон ва Чин ва доштани иқтидори фаровони захираҳои табиӣ ба ҳам наздик менамояд.
Тоҷикистон бо Чин шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ буда, тақвият ва рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ва бисёрҷониба ва ҳамкорӣ бо ин ҷумҳурӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Таъкид шуд, ки дар таърихи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҷумҳуриҳо нақши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин хеле назаррас аст. Аз барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Чин 33 сол пур шуда, заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду давлатро зиёда аз 250 санади ҳамкории дуҷониба ташкил медиҳад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд






