САЛОМАТӢ — НЕЪМАТИ БЕБАҲО! Шумо кай охирон маротиба аз муоинаи тиббӣ гузаштаед?

ДУШАНБЕ, 07.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 1950 инҷониб дар саросари ҷаҳон 7 апрел Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ дониста мешавад. Бахшида ба ин рӯз дар аксар кишварҳои ҷаҳон таҳти унвони «Оғози солими ҳаёт — гарави ояндаи некуфарҷом» ҳамоиш ва чорабиниҳои гуногуни тиббӣ доир мегарданд. Саломатӣ — солимии табиӣ, маънавӣ ва иҷтимоии инсон мебошад. Барои нигоҳ доштани саломатӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ инсон бояд дар як сол як маротиба аз ташхиси тиббӣ гузарад.
Шумо кай охирон маротиба аз тахшиси тиббӣ гузаштаед?
Ба тавсия мутахасисони соҳаи тиб, инсон бояд дар як сол як маротиба аз муоинаи тиббӣ гузарад. Зеро ҳамаи узвҳо ва система бо якдигар мутобиқ карда шудаанд. Агар як узв фаъолитяти худро аз даст диҳад ё ягон ориза пайдо намояд ба дигар узвҳои инсон бе таъсир намемонад. Инчунин организм ба истироҳати мунтазам ниёз дорад ва нокомии он метавонад боиси хастагии шадид, рӯҳафтодагӣ ва бад шудани шакл дар узви инсон гардад.
Организми инсон дар баробари сарф кардани энергия, дар ҳолатҳои гуногун онро аз нав пур мекунад. Дар ҳоле, ки агар худи шахс бештар фаъолият намуда, талош созад, ки ғизоҳои табиӣ ва фоидаовар истеъмол карда, тарзи ҳаёти солимро интихоб намояд. Дар чунин ҳолат энергияи сарфшуда барқарор мегардад. Дар акси ҳол раванди мубодила дарҳол суст шуда, энергия ҷамъ намешавад, инчунин ҳуҷайраҳои мағзи сар ва бадан бо ғизо таъмин нагардида, раванди ташаккулёбии организм рушд намеёбад.
Тавре директори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Малоҳат Бойназарова иброз дошт «мардум беҳуда саломатиро неъмати бебаҳо нагуфтаанд. Чунки маҳз солиму саломат будан ба инсон имконият медиҳад, ки муддати дароз дар шароити гуногун босамар фаъолият намуда, мақсадҳои худро амалӣ карда, аз шириниҳои зиндагӣ баҳра барад».
Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки фаъолияти иҷтимоии инсон бояд, оқилона ба роҳ монда шавад. Яъне фаъолияти корӣ ва истироҳати фаъол дар реҷаи рӯз риоя гардад. Аз ҷумла, дуруст ташкил намудани фароғати фарҳангӣ, ҳаракати фаъоли муносиб, гигиенаи шахсӣ, истифодаи қувваҳои шифобахши табиат (офтоб, ҳаво, об), истеъмоли хӯроки фоидаовар, ҳолати сиҳатии психологӣ дар оила, фаъолияти меҳнатӣ ва таълимӣ дар коллектив танзим гардад. Ҳамаи инҳо бо ҳамдигар вобаста буда, ба омилҳои тарзи ҳаёти солим дохил мешаванд.
Сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷарроҳии хунгард, проффесор Алиҷон Ғоибзода иброз намуд, ки дар байни сокинони мамлакат бемори дилу рагҳо бештар ба мушоҳида мерасанд. Яке аз сабабҳои асосии бемории дил аз паст шудани фаъолияти ҷисмонӣ, пурхӯрӣ, тамокукашӣ, истеъмоли аз меъёр зиёди шароб ва асабонишавӣ вобаста аст.
— Пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои дилу рагҳо на танҳо вазифаи тиб, балки вазифаи аввалиндараҷаи худи инсон мебошад. Агар инсон дар худ нишонаи бемории дилу раг, яъне фишораш пасту балан гардид ё дар фаъолияти дил тағийрро эҳсос намуд, бояд сари вақт ба табиб муроҷиат намояд. Бештари инсонҳо ба он беэътиборӣ зоҳир карда, худсарона доруҳои гуногун истеъмол менамояд. Дар натиҷаи ин худмуолиҷакунӣ оризаҳои вазнинро дар организм ба вуҷуд меорад,- изҳори нигаронӣ намуд проффесор.
Барои бартараф ва пешгирӣ кардани бемории системаи дилу рагҳо машқҳои ҷисмонӣ, кори сабук, зиндагии ором ва фаъол даркор аст.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҳаракати кори ҷисмонӣ миқдори хуни аз мушакҳои дил гузаранда зиёд шуда, хун аз оксиген ва моддаҳои ғизоӣ бештар таъмин мегардад ва ин боиси мустаҳкам гардидану ташаккул ёфтани мушакҳои дил мешавад. Аз кам шудани кори ҷисмонӣ мушакҳои дил суст мешавад. Масалан, дар сурати 70 шабонарӯз тамоман беҳаракат будани одам ҳаҷми дилаш 13-18 фоиз хурд мешавад. Машқҳои ҷисмонӣ ва бозиҳои варзишӣ ба қадри афзудани синну сол мураккабтар шуда, мушакҳои баданро варзиш медиҳад. Дар баробари ин мушакҳои дил хуб инкишоф меёбанд ва машқ мекунанд.
Табиби занонаи Маркази миллии солимии репродуктивӣ Бунафша Шарифова иброз намуд, ки «солимии миллат аз модарони солим вобастагӣ дорад. Занон бояд дар як сол як маротиба ба назди табиби занона рафта, тибқи фармудаҳои ӯ аз ташхис гузаранд. Аммо занони мо барои муоина ва ё ҳолати саломатии худро ташхис намудан дер муроҷиат мекунанд. Онҳо дар ҳоле муроҷиат мекунанд, ки беморашон ба оризаҳои гуногун гирифтор шудааст.
Ба гуфтаи Бунафша Шарифова, айни замон дар муассисаҳои тиббии мамлакат тамоми шароит ва имкониятҳо барои нигоҳдошти саломатии занон фароҳам аст. Бештари занон ин имкониятҳоро истифода намебаранд. Баъзе занон барои ин кор масрафи молиявии ташхисро баҳона мекунанд. Аммо дар асл баъзе аз онҳо фарҳанги нигоҳ доштани солимиро риоя намекунад. Чунки ташхисҳое, ки занон аз он дар мадди аввал бояд гузаранд, чандон гарон набуда, дастрас мебошанд. Хусусан занҳо баъди тавлиди як ё ду фарзанд бояд ба саломатии худ бештар аҳамият диҳанд.
Агар солим будан хоҳӣ — тарзи ҳаёти солимро интихоб намо!
Олимони физиолог ва духтурон таъкид мекунанд, ки инсон метавонад аз лаҳзаҳои тавлид шуданаш 100 сол бидуни беморӣ зиндагӣ намояд. Агар инсон аз даврони ба дунё омаданаш тарзи ҳаётии солимро интихоб намояд. Тарзи нодурусти зиндагӣ ва камҳаракатӣ дар аксар давлатҳои ҷаҳон сабаби зиёд шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгарди инсонҳо гардидааст, ки мутаассифона, Тоҷикистон низ аз ин ҳисоб истисно нест.
Дар ин самт табибон таъкид медоранд, ки обутоб додани бадан дар пешгирии бемориҳо нақши муҳим мебозад. Сайругашт дар ҳавои тоза, хоби бароҳат, пӯшидани либосҳои мавсимӣ, ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш ва истироҳати бомеъёр эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳоро кам менамоянд.
Абӯалӣ Ибни Сино дар китоби «Қонуни тиб»-и худ гуфтааст, ки «тадбири аввали нигаҳдории тандурустӣ варзиш аст, сипас тадбири ғизо ва аз паси он тадбири хоб…». Яъне барои саломат умр ба сар бурдан аввал бо варзиш машғул шудан, пас аз он ғизои хуб хӯрдан ва баъдан хоби бофароғат рафтан лозим аст. Шоҳсутуни асосии саломатӣ ин се чиз аст, ки илми муосир низ онро эътироф кардааст.
Воқеан ҳам варзиш ба тан саломатӣ мебахшад, намакҳои баданро об мекунад, мушаку бофтаҳо, банду буғумҳоро мустаҳкам менамояд, рагҳоро васеъ, гардиши хунро бемалол мегардонад, қаду қомат, сутунмуҳраро росту зебо мекунад. Пас ягона зебогӣ ин саломатист.
Тавре нависандаи франсуз М. Монтеннер гуфтааст: «Саломатӣ ганҷест, ки барои он на танҳо вақт, заҳмат, меҳнат ва ҳама гуна неъматҳоро дареғ намедоранд, балки барои он як қисми худи ҳаётро қурбон кардан зарур аст. Зеро ҳаёт бе он тоқатнопазир ва хоркунанда мегардад».
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз