Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони соҳаи саноати вилояти Суғд мулоқот намуданд

Апрель 1, 2025 14:26

ДУШАНБЕ, 01.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди оғоз бахшидан ба сохтмони корхонаи ғанигардонии маъданҳои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати металлургии Тоҷик» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолони соҳаи саноати вилояти Суғд мулоқот намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро дар рӯзҳои 29-30 март натиҷагирӣ карда, оид ба вазъи корҳои созандагӣ ва рушди соҳаи саноати кишвар бо таҳлилҳо андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳамаи тадбирҳои дар даврони соҳибистиқлолӣ амалинамудаи Ҳукумати кишвар ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон равона гардида, то имрӯз барои расидан ба ин ҳадафи олӣ заминаи мусоиди кору фаъолият фароҳам оварда шудааст.

Гуфта шуд, ки танҳо дар панҷ соли охир дар ҳудуди вилояти Суғд 680 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ бунёд ёфта, ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз кардааст. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят мунтазам афзоиш ёфта, соли 2024 ба 30,4 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2020-ум ду баробар зиёд мебошад.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нишондиҳандаҳо, бо дарназардошти захираву иқтидорҳои мавҷуда, барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмин намудани аҳолӣ бо шуғли пурмаҳсул ҳоло ҳам нокифоя мебошанд.

Аз ин рӯ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута вазифадор шуданд, ки барои ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки дорои арзиши баланди илова тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Зимни таҳлили вазъи содирот иброз гардид, ки имкониятҳои вилоят доир ба зиёд кардани ҳаҷми содирот, бахусус, содироти маҳсулоти тайёр ҳоло ҳам пурра истифода нашуда истодааст.

Барои рушди соҳаи саноати маъдан ва ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ба сохторҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуд.

Пешвои миллат ҳадафи бунёди Корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани «Комбинати металлургии Тоҷик» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро пешрафти соҳаи саноат, бахусус мусоидат ба рушди соҳаи саноати маъдан ва таъсиси ҷойҳои корӣ маънидод намуданд. Гуфта шуд, ки дар ҷараёни сохтмони корхона наздики 600 нафар, дар марҳилаи аввали ба кор даромаданаш 1 ҳазору 200 нафар ва пас аз пурра омода шудани он 2 ҳазор шаҳрванд бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Баъди таҳлили вазъи истихроҷ ва истеҳсолу коркарди маҳсулот дар корхонаҳои саноатии вилояти Суғд Сарвари давлат сохторҳои марбутаро барои ба роҳ мондани фаъолияти истихроҷ ва коркарди маҳсулот вазифадор намуданд.

Таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар саросари кишвар, аз ҷумла дар вилояти Суғд барои дар сатҳи шоиста ҷашн гирифтани 35-солагии истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ вусъат гирифта истодааст, ки дар ин раванд соҳибкорон саҳми назаррас доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки барои иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаҳои пешбинигардидаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Дастурҳои дигар ба масъулини як қатор сохторҳои давлатӣ вобаста ба таъсиси корхонаҳо, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва бартараф кардани омилҳои боздорандаи рушди соҳаи саноат, дода шуд.

Дар фароварди сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сармоягузорону соҳибкорон ва роҳбарони корхонаву коргоҳҳои саноативу кишоварзии вилоят талаб намуданд, ки барои амалӣ гардондани ҳадафҳои умумимиллӣ ва рушду пешрафти кишвар талош варзанд.

Мулоқот бо фаъолони соҳаи саноати вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 01.04.2025

Апрель 1, 2025 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуросон 239 иншооти таъйиноти гуногун сохта мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд ҳафтаи «Ҳаводорони илми афлок» оғоз гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 бо иштироки Сарвари давлат 16 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок намуданд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҳисор 1127 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Шаҳринав дар шаш моҳ ду корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими истиқболи расмии роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси халқ маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд