Шарҳи дуюми татбиқи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсати Хазинаи Байналмилалии Асъор барои Тоҷикистон баррасӣ шуд

Апрель 17, 2025 11:55

ДУШАНБЕ, 17.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар вохӯрии ҷамъбастии ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор бо масъулини вазорату  идораҳои бахши иқтисодии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар Душанбе доир гардид, натиҷаи миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба машваратҳо тибқи моддаи IV ва шарҳи дуюми татбиқи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсати Хазина барои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат гуфт, ки татбиқи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат тибқи нақша доир шуда, нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва ҳадафҳои ислоҳоти дар шарҳи дуюм дарҷшуда дар маҷмуъ ба даст оварда шуданд. Дар натиҷаи ислоҳоти пайгирона рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ба мушоҳида расида, сиёсати пулию қарзӣ самаранокии худро дар нигоҳдории таваррум дар сатҳи поёнтар аз доираи мақсаднок нишон медиҳад.

«Умедворем, ки тамоюли мусбати рушди иқтисоди мамлакат боқӣ мемонад, аммо муваффақияти ин талошҳо ба якчанд омил ва пеш аз ҳама, ба суботи иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон вобаста хоҳад буд. Тоҷикистон минбаъд низ барои таҳкиму устувории иқтисодиёт дар доираи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат, ки ба афзудани устувории буҷет, такмили сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати қурбӣ ва сиёсати бахши молиявӣ, инчунин мусоидат ба рушди устувор ва фарогир нигаронида шудааст, тадбирҳои зарурӣ меандешад»,-иброз дошт муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон.

Дар вохӯрӣ роҳбарони мақомоту идораҳои давлатии мамлакат низ оид ба татбиқи барнома назару пешниҳодҳояшонро баён доштанд. Роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор Мэтю Гартнер аз натиҷаи вохӯриҳои ҳайат бо роҳбарони вазорату идораҳо, тамоюли мусбат доштани нишондиҳандаҳо ва дурнамои иқтисодии Тоҷикистон сухан намуда, гуфт, ки шарҳу эзоҳи пешниҳодгардида дар давраҳои минбаъдаи музокирот ба инобат гирифта мешаванд.

Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти барномаро дарк намуда, барои татбиқи муваффақонаи он талош менамояд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор аз 2 то 15 апрел дар Тоҷикистон қарор дошта, бо роҳбарони баъзе вазорату муассисаҳои бахши иқтисодии мамлакат  машварату мулоқоти корӣ анҷом дод.

          АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

 

Апрель 17, 2025 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3396 сомонӣ муқаррар шудааст
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2600 то 9.2700 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид