Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Air Dynamics Solutions» дар Душанбе баррасӣ гардид

Апрель 24, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 24.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи имконоти мавҷудаи сармоягузорӣ ва имтиёзҳои фароҳамшуда барои сармоягузорони  хориҷӣ дар меҳвари мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо директори генералӣ ва раиси Шурои директорони ширкати «Air Dynamics Solutions», ки яке аз  ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои ҳавопаймоӣ мебошад, қарор гирифт.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот таъкид шуд, ки Тоҷикистон  барои таъмини муҳити устувори иқтисодӣ ва дастгирии сармоягузорони хориҷӣ якчанд ташаббус ва ислоҳотро амалӣ намудааст.

Роҳбарияти  ширкати «Air Dynamics Solutions» таваҷҷуҳи худро нисбат ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон баён дошта, эҳтимоли ташкили корхонаҳои муштарак, интиқоли технология ва рушди иқтидори маҳаллиро матраҳ намуд.

Ин мулоқот дар самти ҷалби сармоягузории босифат ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ иқдоми муҳим арзёбӣ мегардад.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 24, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардиданд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Соли 2026 метавонад яке аз чор соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ бошад
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок кард
Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид
ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: ҳар як паём ё файлро бодиққат санҷед
Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе сеюмин Форуми байналмилалии ПЛАС «Digital Tajikistan 2026» баргузор гардид
Корхонаи пахтатозакунию равғанбарории ҶДММ «Кони ганҷ»-и Зафаробод бо иқтидори пурра фаъолият дорад
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон тавассути шабакаи байналмилалии «Euronews» муаррифӣ мегарданд
Дар деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муъминобод фурудгоҳи маҳаллӣ навсозӣ мешавад
РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 120 хизматрасонии давлатӣ тавассути портали электронӣ дастрас мебошад