Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон василаи таҳкими давлатдории миллӣ ва пешгирӣ аз экстремизму терроризм аст

Апрель 9, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 08.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-василаи таҳкими давлатдории миллӣ, пешгирӣ аз исрофкорӣ, экстремизм ва терроризм» ҳамоиш баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.

Иброз шуд, ки яке аз масъалаҳои калидие, ки имрӯзҳо меҳвари фаъолияти ниҳодҳои иҷтимоиву идеологии давлатию ҷамъиятиро дар бар мегирад, мавзуи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба шумор меравад. Ҳукумати Тоҷикистон барои тақвияти чораҳо дар ин самт барномаҳои гуногун қабул намуда, мавриди татбиқ қарор додааст.

Барои Тоҷикистони мустақил масъалаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷомеа масъулияти калидитарин дониста мешавад. Зеро бо баланд бардоштани ҷаҳонбинии донишиву илмии ҷомеа шароите муҳайё мегардад, ки шаҳрвандон дар амалисозии ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи давлату ҳукумати мамлакат мустақилонаю самаранок саҳм мегузоранд.

Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро бо донишу илм ташаккул бояд дод», «Самаранокии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон- омили самараноке дар самти пешгирии исрофкориву хурофоткорӣ», «Тарбияи ватандӯстии ҷомеа- унсури асосии пешгирии экстремизм ва терроризм», «Ташаккулёбии ҷаҳонбинии инноватсионии ҷавонон ва асосҳои рушди тарбияи ватандӯстии онҳо» ва «Ҷаҳонбинии илмии ҷавононро бояд густариш дод» маърузаҳо пешниҳод гардида, паҳлуҳои мухталифи мавзуъҳо шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Иброз гардид, ки  имрӯз зарурати ҷиддие пеш омадааст, ки бояд масъалаи ташаккули неруи зеҳнии ҷомеа, махсусан насли наврасу ҷавонро ташаккул дода, неруҳои инноватсионию технологӣ ба таври густурда инкишоф дода шаванд.

АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Апрель 9, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид