Таътили тобистонаи хонандагон кай оғоз меёбад?
ДУШАНБЕ, 05.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Машғулияти таълимӣ дар синфҳои 2-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 31 майи соли 2025 ва дар синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 25 майи соли 2025, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ ба анҷом расонида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бо мақсади анҷом ёфтани соли таҳсили 2024-2025 фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2024-2025, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.
Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва 10-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ба истиснои мактаб-интернатҳо барои нобиноён (рӯзона), синфҳои 5-8 ва 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ба истиснои муассисаҳои таълимии калонсолон ва наврасони нобино ва сустбин (ғоибона) аз 2 июн то 10 июни соли 2025, инчунин аттестатсияи хатми хонандагони синфи 9-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз 2 то 16 июни соли 2025 ва аттестатсияи хатми хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз 2 то 20 июни соли 2025 гузаронида мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд






