Тоҷикистон ва Эрон нақша доранд ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ густариш диҳанд
ДУШАНБЕ, 22.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Искандар Муъминӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ, терроризм ва экстремизм баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки барои муборизаи муваффақона дар пешгирии ҷиноятҳо мубодилаи иттилооти оперативӣ, густариши ҳамкории мутақобили судманд дар соҳаи таълим ва гузаронидани машқҳои муштарак муҳим мебошад.
Дар анҷоми мулоқот Барномаи амалии ҳамкории омӯзишӣ-таҳқиқотӣ байни вазоратҳои Тоҷикистон ва Эрон барои солҳои 2025-2029 ба имзо расид.
АКС: АМИТ «Ховар»















10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид






