Рустами Эмомалӣ дар маросими таърихии нахустин таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 май Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими таърихии нахустин таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Боиси таъкид аст, ки маҳз бо пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсуси худ рӯзи 25 майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронии худ изҳор доштанд, ки 25 май аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эътироф карда шуда, арзишҳои меҳварии футбол, аз қабили бозии одилона, фаъолияти дастҷамъӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ бо усулҳои фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид ҳамсон мебошанд.
Таъкид гардид, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон тайи солҳои охир ба рушди футбол таваҷҷуҳи хос нигаронида мешавад.
Дар ин самт амалисозии Стратегияи рушди футболи миллӣ то соли 2026 заминаҳои мусоиди густариши футболи ҷавонон, рушди инфрасохтор, баланд бардоштани сатҳи лигаҳои касбӣ ва омодасозии мутахассисони соҳаро дар мамлакат фароҳам оварда истодааст.
Аз пешравию комёбиҳои дастаҳои миллӣ ва мунтахаби ҷавонону наврасони мамлакат дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҳамзамон, ҳамкории босамари Федератсияи футболи Тоҷикистон бо Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), аз ҷумла дар самти татбиқи барномаҳои байналмилалӣ оид ба рушду маъмулгардонии футбол назаррас арзёбӣ гардид.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои пешбурди муштараки ташаббуси болозикр ба ҷониби Шоҳигарии Баҳрайн ва Давлати Либия ва ба кишварҳои ҳаммуаллифи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, инчунин, барои дастгирию ҳамкориҳои судманд ба Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар охир муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳор доштанд, ки Рӯзи ҷаҳонии футбол василаи муҳимми тарғиби варзиш ва пешбурди ҳадафҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба таҳкими сулҳ, ваҳдат ва рушди устувор гардида, Федератсияи футболи Тоҷикистон омода аст, ки дар раванди фарогиртар ва таъмини дастрасии футбол бо Федератсияи байналмилалии футбол, Созмони Милали Муттаҳид ва тамоми ҷонибҳои ҳавасманд ҳамкории густурда дошта бошад.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе











НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 446 медал ба даст оварданд
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2026 ба анҷом расонид
Дар Клуби марказии варзишии Артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дастаи занона таъсис ёфт
Пагоҳ дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дуюми худро анҷом дод
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ФУТЗАЛИ ОСИЁ-2026. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Узбекистон мусовӣ анҷом ёфт
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамтоён аз Ҳиндустон бозиҳои санҷишӣ анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Узбекистон бозӣ мекунад
Довар аз Тоҷикистон бозиҳои қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026-ро ҳакамӣ мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 20 майдонча ва толори варзишӣ сохта шуд






