35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 2 километр роҳи деҳаи Ҳақиқати шаҳри Турсунзода бетонпӯш мегардад

Май 1, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 01.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси сокинони деҳаи Ҳақиқати Ҷамоати деҳоти Турсун Тӯйчиеви шаҳри Турсунзода 2 километр роҳи ин деҳа бетонпӯш мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Роҳи деҳаи Ҳақиқат солҳои зиёд таъмирталаб буда, рафтуомади сокинону воситаҳои нақлиёт мушкил буд.

Бо мақсади шиносоӣ бо ҳашари дастҷамъонаи сокинон   Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода дар деҳаи Ҳақиқат бо сокинон суҳбат намуда, онҳоро ба иттиҳоду сарҷамъӣ ва расидан ба қадри сулҳу суботи комили Ватан даъват намуд.

Ин иқдоми неку созандаи сокинон минбаъд низ идома дода мешавад. Баъди анҷоми бетонпӯш кардани роҳи деҳа аҳолӣ ният доранд, ки корҳои дигари ободониро анҷом диҳанд.

Дар ҷамоату деҳоти шаҳри Турсунзода бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, фаъолону сокинони ватандӯст ва  соҳибкорони саховатпеша корҳои тармиму навсозии роҳҳои маҳаллӣ ва дигар  тадбирҳои   ободкорона вусъат меёбанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

 

Май 1, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»