35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан 990 иншоот бунёд, таъмир ва навсозӣ карда мешаванд

Май 18, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 18.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд 990 иншооти таъйиноти иҷтимоию иқтисодӣ бунёд, таъмир ва навсозӣ карда мешаванд. Аз ин шумора то имрӯз 664 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар шаҳр маркази хизматрасонии «Ром ойл»  бо ташаббуси соҳибкор Муҳаммадҷон Қобилов сохта шудааст. Дар ин марказ хизматрасонии таъмиру шустани нақлиёт амалӣ ва ҳамзамон маҳсулоти ватанӣ ба фурӯш гузошта мешавад.

Равғанҳои молиданӣ ва моеи антифриз, ки барои воситаҳои нақлиёт зарур мебошанд, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кайҳоннавард» истеҳсол карда мешаванд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кайҳоннавард» нақша дорад, ки фаъолияташро боз ҳам тақвият бахшида, ҳаҷми истеҳсоли равғанҳои молиданӣ ва дигар маҳсулоти техникиро афзоиш диҳад.

Дар шаҳри Истаравшан маркази хизматрасонии «Сомон бренд»  ба истифода дода шудааст.  Дар ин марказ, ки замонавӣ аст, либосҳои мардона, кӯдакона, пойафзол ва дигар маҳсулоти рӯзгор ба харидорон пешниҳод карда мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 18, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд