35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фархор бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти «Фархор» сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 26.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фархор сохтмони бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти «Фархор» идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Иншоот аз панҷ ошёна иборат буда, дар баробари фароҳам овардани муҳити кории замонавӣ барои кормандони мақомоти маҳаллӣ ҳамчун маркази хизматрасонӣ барои аҳолӣ низ фаъолият хоҳад кард. Дар ошёнаҳои аввал утоқҳои корӣ ва толори маҷлис пешбинӣ шудаанд.
Ҳамчунин дар ноҳия сохтмони бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 барои 1240 хонанда идома дорад. Масоҳати умумии замини ҷудошуда 3,96 гектарро ташкил медиҳад. Бинои иловагӣ барои муассисаи таълимӣ дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ин лоиҳа бо мақсади рушди соҳаи маориф ва таъмини шароити замонавии таълим тарҳрезӣ гардидааст.
Бино аз чор қисми ба ҳам пайваст иборат буда, бинои асосии таълимӣ сеошёна мебошад. Он дорои 28 синфхонаи умумӣ ва фаннӣ буда, қисмҳои дигар ҳуҷраҳои маъмурӣ, лабораторияҳо, китобхона, ошхона ва толори маҷлисиро дар бар мегиранд. Толори варзишӣ дорои 100 ҷойи нишаст мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд






