35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд мегарданд

Май 1, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 01.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои иловагии Маркази саратоншиносӣ, Маркази клиникавии эндокринологӣ ва Беморхонаи клиникавии бачагона идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Бинои нави Маркази саратоншиносӣ аз 6 ошёна иборат буда, дорои 150 кат мебошад. Сохтмон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ шуда, фармоишгари он Идораи сохтмони асосии вилоят мебошад. Марказ ба сокинони 18 шаҳру ноҳия хизмат расонида, дорои шуъбаҳои муосири ташхису муолиҷа аст ва дар он мутахассисони баландихтисос фаъолият менамоянд.

Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд низ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи вилоят сохта шуда, барои 120 кат пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо шароити муосир бунёд шуда, ба табибон имкон медиҳад, ки беморонро дар сатҳи баланд қабулу ташхис ва табобат намоянд.

Бинои иловагии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд аз таҳхона ва ҳафт ошёна иборат буда, барои 120 кат пешбинӣ шудааст. Беморхона яке аз калонтарин муассисаҳои табобатии кӯдакона дар вилоят ба шумор рафта, дорои 12 шуъбаи махсус бо 290 кат мебошад. Дар он 52 табиб ва 135 корманди миёнаи тиб фаъолият менамоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 1, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд