Агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба истифода дода мешавад

Май 26, 2025 10:17

ДУШАНБЕ, 26.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки моҳи июни соли равон агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори 3,6 МВт ба истифода дода шавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тавре иттилоъ дода мешавад, то имрӯз 85 дарсади корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ ба анҷом расидааст.

Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори 11 МВт дар дарёи Шоҳдара сохта шуда, баъди мавриди истифода қарор дода шудани он иқтидори умумии энергетикӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 25 дарсад меафзояд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 26, 2025 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд