Ҳайати Озарбойҷон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 15.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни амалисозии қарордод аз натиҷаи ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку зимни мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон Самир Шарифов баррасӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо ба сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ, бахусус афзоиши гардиши савдои дуҷониба, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот Самир Шарифов изҳор намуд, ки дар Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ҳамчун роҳбари ҳайати Озарбойҷон иштирок менамояд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон








Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид






