Ҳайати Тоҷикистон дар Нишасти сатҳи баланди Конвенсияҳои Базел, Роттердам ва Стокҳолм иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 03.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 апрел ва 1 май ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар мизи мудаввари вазирон Нишасти сатҳи баланди Конфронси ҷонибҳои Конвенсияҳои Базел, Роттердам ва Стокҳолм иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Женева хабар доданд, Шараф Шерализода оид ба дастовардҳои мамлакат, аз ҷумла иҷро гардидани уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди Конвенсияҳоро таъкид намуда, дохилшавии кишварро ба Конвенсияи Роттердам аз 25 майи соли 2025 хабар дод.
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин тадбирҳо дар сатҳи миллӣ дар самти идоракунии моддаҳои кимиёвӣ ва партовҳоро муҳим дониста, зарурати ҳамкории байналмилалӣ дар ҳалли мушкилоти экологиро таъкид намуд.
Ёдовар мешавем, ки нишасти Конфронси ҷонибҳои Конвенсияҳои Базел, Роттердам ва Стокҳолм 28 апрел шуруъ гардида, то 8 майи соли 2025 давом хоҳад кард.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Женева








Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ баррасӣ гардид
Дар шаҳри Тифлис машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Гурҷистон баргузор гардиданд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эътимоднома супорид
Сафири Тоҷикистон дар Фаронса бо дабири кулли Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират мулоқот намуд
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Мустақбал баррасӣ шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии идоракунии Русия мулоқот анҷом доданд
Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 88-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Таҳкими шарикӣ байни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва минтақаи Қасими Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Австрия нақшаи ҳамкориро барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор доданд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар доираи барномаҳои афзалиятнок баррасӣ гардид






