Амина Муҳаммад аз давлатҳои ҷаҳон дар самти ҳалли масоили марбут ба ҳифзи пиряхҳои сайёраи Замин даъвати оҷилӣ намуд
ДУШАНБЕ, 30.05.2025/АМИТ «Ховар»/. Муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад дар маросими ифтитоҳи нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе аз давлатҳои ҷаҳон барои рушди ҳамкорӣ ва шарикии стратегӣ дар самти ҳалли масоили марбут ба ҳифзи пиряхҳои сайёраи Замин ва тағйирёбии иқлим даъвати оҷилӣ намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо.
Амина Муҳаммад афзуд, ки раванди тағйирёбии иқлим даҳсолаи охир ба ҳаёти миллионҳо одамон, олами бойи набототу ҳайвоноти сайёра, захираҳои бойи обию энергетикии ҷаҳон ва дар маҷмуъ ба рушди иқтисоди ҷаҳон бо назардошти обшавии бесобиқаи пиряхҳои сайёра хисороти ҷиддӣ расонидааст.
Мавсуф афзуд, ки дар раванди тағйирёбии иқлим дар кураи Замин соли 2024 соли гармтарин дар сайёра ба қайд гирифта шуд, яъне ҳарорати Замин 1,5 дараҷа боло рафт. Ин раванд созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои аъзои ин созмони муътабарро водор месозад, ки тадбирҳои муассиру саривақтӣ ва самаранокро дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, омилҳои муваффақ шудан ба рушди устувор ва ҳамкории самарабахшро дар доираи эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии ҳифзи пиряҳои сайёра (2025 -2034) андешанд.
Бо дахли ташаббусҳои глобалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳои сайёра муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Мутттаҳид Амина Муҳаммад ташаббусҳои Тоҷикистонро саривақтӣ ва муассир арёбӣ намуда, ба Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони рушд дар самти баргузор намудани нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряҳо изҳори сипос намуд.
Дар ин замина Амина Муҳаммад давлатҳои ҷаҳонро бори дигар ба тақвияти ҳамкории судманду самаранок дар масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряҳои сайёраи Замин даъват намуд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ҳавзаи федералии Урали Русия мулоқот намуд






