Амина Муҳаммад, муовини аввали Дабири кулли СММ: «Ташаббуси Президенти Тоҷикистон барои муттаҳидии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баррасии мушкилоти ҷиддии иқлимӣ муҳим мебошад»

Май 29, 2025 16:27

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта шуд.

Пас аз мулоқот муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад дар нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки «маротибаи  дуюм имкон пайдо намудам, ки ба Тоҷикистон оям ва дар  чорабинии муҳими ҷаҳонӣ (нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе) иштирок намоям».

Амина Муҳаммад таъкид намуд, ки масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар маркази рӯзномаи иқлимии ҷаҳон қарор дошта, афзоиши гармшавии глобалӣ ба хатари ҷиддӣ табдил ёфтааст. «Имрӯз мо шоҳиди суръат гирифтани обшавии пиряхҳо ҳастем, ки оқибатҳои он барои кишварҳои дорои кӯҳистон ва вобаста ба оби пиряхҳо бениҳоят нигаронкунанда аст. Ин ба ҳаёти ҷомеа, иқтисодиёт ва дастрасӣ ба об, ки худ ҳаёт аст, таъсири бевосита мерасонад», — гуфт Амина Муҳаммад.

Муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкили ин ҳамоиши муҳим истиқбол намуда, онро намунаи олӣ барои муттаҳид сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баррасии мушкилоти ҷиддии иқлимӣ арзёбӣ намуд.

Амина Муҳаммад таъкид намуд, ки ҳифзи пиряхҳо бояд бар пояи илм ва далелҳои воқеӣ амалӣ гардад. «Илова ба ҳифз мо бояд ба мутобиқшавӣ таваҷҷуҳ намоем. Барои ҷомеаҳо ва кишварҳои осебпазир бояд захираҳои молиявӣ ҷалб карда шаванд, то онҳо тавонанд ба тағйирёбии иқлим мутобиқ шаванд», — илова намуд ӯ.

Муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад ҳамчунин имрӯз аз шиносоияш бо як минтақаи пиряхдор ёдовар шуд ва гуфт, ки шоҳиди талафоти бесобиқаи пиряхҳо шудааст, ки давоми 40 соли охир рух додаанд. Ӯ ҳушдор дод, ки агар тадбирҳои фаврӣ андешида нашаванд, дар даҳсолаи оянда талафоти боз ҳам вазнинтар дар пеш аст. «Мо бояд имрӯз амал намоем. Ҳифзи пиряхҳо бояд ба маркази сиёсати ҷаҳонии иқлимӣ табдил ёбад. Ин ягона роҳест барои наҷоти сайёра ва Созмони Милали Муттаҳид.

Амина Муҳаммад изҳори умедворӣ намуд, ки натиҷаҳои ин конфронс паёми возеҳ ва роҳҳалҳои муассирро барои ҳамоишҳои ояндаи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла дар самти маблағгузории иқлим ва COP30 дар Белеми Бразилия фароҳам хоҳанд овард.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 29, 2025 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд